Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба хориҷ 1,3 млрд кВт барқ фурӯхтааст


Тоҷикистон дар соли 2014 ба хориҷ аз кишвар 1 миллиарду 321 миллион киловатт-соат барқ фурӯхтааст. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захоири обӣ Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон ба хориҷи кишвар давоми соли гузашта 1 миллиарду 321 миллион киловат соат-барқ фурӯхтааст, ки бештари он ба Афғонистон ва Қирғизистон содир шудааст. Ба қавли вазири энергетика ва захоири обӣ, ин миқдор нерӯи барқ дар ивази 3,7 сент барои як киловатт-соат ба ин ду кишвар фурӯхта шудааст. Ҷаноби вазир сабаби фурӯши барқ ба Афғонистон дар фасли зимистонро шарҳ дода ва гуфт, ки ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи коршоямии симчӯбҳои барқӣ анҷом дода мешавад. Усмоналӣ Усмонзода дар иртибот ба ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи обию барқии "Роғун" гуфт, феълан корҳои омодасозӣ идома дорад ва мақомоти Тоҷикистон пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ дар нишасти Алмааторо мавриди омӯзиш қарор додаанд. Тоҷикистон худ аз камбуди барқ ранҷ мебарад ва дар манотиқи рустоии кишвар аз авоили тирамоҳ то миёнаҳои баҳор лимити шадиди барқрасонӣ ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG