Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи истифода аз телефонҳои хонагӣ


Ширкати “Тоҷиктелеком” сар аз моҳи январ арзиши истифода аз телефонҳои хонагиро боло бурдааст. Дар ин бора Сӯҳроб Ғоибов -- сардори намояндагии ширкати “Тоҷиктелеком” дар Хуҷанд, дар нишасти хабарии 21-уми январ, хабар дод.

Ӯ гуфт, акнун нархи 1 дақиқаи гуфтугӯ бо телефонҳои хонагӣ дар дохили шабака 3 дирам ва бо телефонҳои ҳамроҳ ё дастӣ 5 дирамро ташкил медиҳад. Пештар ин нархҳо мувофиқан 2.5 ва 4 дирам буданд.

Инчунин, пардохти моҳона барои гуфтугӯҳо тариқи телефонҳои хонагӣ то 3 сомонӣ барои сокинон, аз 3 то 4 сомонӣ барои корхонаҳои буҷавӣ ва аз 9 то сомонӣ барои корхонаҳои хусусӣ боло бурда шудааст.

XS
SM
MD
LG