Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии HRW аз вазъи матбуоти Афғонистон


Эътирози хабарнигорони афғон аз саркӯбсозии озодии баён (акс аз бойгонӣ)
Эътирози хабарнигорони афғон аз саркӯбсозии озодии баён (акс аз бойгонӣ)

Созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch (HRW) аз афзоиши таҳдид ва хушунат алайҳи хабарнигорон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Дар гузориши нави 48-саҳифагии ин созмон, ки рӯзи 21 январ нашр шуд, омадааст, ҳамлаҳо ба озодии матбуот, яке аз дастовардҳои муҳими кишвар баъд аз соли 2001, таҳдид мекунанд.

HRW ба ҳамлаву тарсдиҳии хабарнигорон ва сарпечии ҳукумати Афғонистон аз тафтиши ин ҳодисаҳо ва муҷозоти муҷримон ҳам таъкид шудааст. Ҳадафи сарпечӣ аз пуштибонии озодии журналистон, аз нигоҳи муаллифони гузориш, саркӯбсозии интиқоди ҳукумат, нерӯҳои амниятӣ ва дигар ниҳодҳои қудратии Афғонистон аз сӯи расонаҳои хабарии кишвар аст.

Бино ба гузориши HRW, ошӯби “Толибон” ба ҳукмфармо шудани фазои тарс дар ҷомеъаи Афғонистон ва ба вижа, миёни хабарнигорон, мусоидат кард.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Кобул хостанд, ки барои аз байн бурдани хушунату тарсдиҳии кормандони расонаҳои хабарӣ талоши бештар кунад. Онҳо аз толибон даъват намуданд, ки ба ҳамлаҳо ба муассисаҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла, васоили ахбори умум хотима гузоранд.

XS
SM
MD
LG