Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Ҷейкобсон, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар нимкураи ғарбӣ, ба хотири музокирот бо ҳукумати Куба оид ба муҳоҷират дар чаҳорчӯби эҳёи равобити дипломатӣ, рӯзи 21 январ вориди Ҳавана шуд. Дар ин бора вазорати умури хориҷии Амрико хабар дод ва изҳор намуд, ки эҳёи робитаҳои дипломатӣ бо Куба гоми калидӣ дар тағйири робитаҳои дуҷониба маҳсуб мешавад.

Тағйири робитаҳои дуҷониба – ибтикори раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аст, ки дар чаҳорчӯби он ифтитоҳи сафоратхонаҳо ва додани раводид ба шаҳрвандони ИМА ва Куба пешбинӣ шудааст.

Қарор аст, ки Роберт Ҷейкобсон дар Ҳавана бо аъзои ҷомеъаи мустақили шаҳрвандӣ ва раҳбарони мазҳабиву тоҷирони Куба ҳам дидору гуфтугӯ кунад. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Амрико омадааст, гуфтугӯи нав бо Куба дар пеш аст, ки он “раванди муҳими таърихӣ барои пешбурди манфиатҳои ИМА хоҳад шуд”.

XS
SM
MD
LG