Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раис: "Бекорӣ ҷавононро ба Сурия мебарад"


Амирулло Асадулло
Амирулло Асадулло

Амирулло Асадулло - шаҳрдори Қӯрғонтеппа иллати барои ҷангу “ҷиҳод” ба Сурия рафтани ҷавонони тоҷикро адами ҷои кор дар дохили кишвар арзёбӣ кард. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 21 январ сӯҳбат мекард, гуфт, “яке аз омилҳои ба Сурия рафтани ҷавонон бекорӣ дар дохили кишвар мебошад”.

Ҷаноби Асадулло афзуд, дар ҳоли ҳозир аз шаҳри Қӯрғонтеппа ду нафар дар Сурия бар зидди нерӯҳои давлатии он кишвар меҷанганд. Ба гуфтаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, “ду нафари дигар аз шаҳр дар кишварҳои исломӣ ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд”. Аммо, дар маҷмуъ, шумораи ҷавонони Хатлон дар Сурия 24 нафар ва дар Покистону Афғонистон 5-нафарӣ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG