Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх аз густариши низоъ дар шарқи Украина ва тезу тунд шудани набардҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти рӯзи 20 январ дар сомонаи кумита нашршуда омадааст, ки бар асари набардҳо дар Донетск ва атрофи он сокинони осоишта кушта мешаванд, кормандони Салиби Сурх бошанд, имкони ба мардум расонидани ёрии башариро надоранд.

Раҳбари ҳайати Салиби Сурх дар Украина Мишел Массон аз ҷонибҳои даргир даъват кард, ки аз ҳамла ба мардуми осоишта худдорӣ кунанд ва ба қавонини башарӣ арҷ гузоранд.

Охирҳои ҳафтаи гузашта даргириҳо дар шарқи Украина аз сар гирифта шуданд. Ҷангҳо барои фурудгоҳи Донетск рӯзи сешанбе ҳам идома доштанд.

Дар нимаи дуввуми рӯзи сешанбе дар ғарби шаҳри Донетск се таркиши мудҳиш рӯй дод. Мавҷи таркишҳо то маркази шаҳр расид ва ҳама кормандони Хонаи ҳукумат ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

XS
SM
MD
LG