Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон(ҲҶВМЭТ), ки ба он раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад, бо нашри як изҳорот аз падару модарон даъват кардааст, монеи рафтани фарзандонашон ба “ҷиҳод” ба кишварҳои хориҷие, чун Покистон, Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомали шаванд.

Дар ин муроҷиатнома, ки аз номи Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони ҲҶВМЭТ нашр шудааст, аз волидон хоста мешавад, бо панду насиҳати худ моҳияти башардӯстонаи дини мубини исломро ба фарзандони худ фаҳмонанд, онҳоро ба интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ва созандагӣ ҳидоят намоянд, ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки фарзандони мо ба ҳар гунна ҳаракатҳои нодуруст ҳамроҳ шуда, ҷони хешро дар хатар гузоранд ва боиси паст кардани шаъну шарафи оила, хешу табор ва Тоҷикистони маҳбубамон гарданд.

Аз ин қабл чунин муроҷиат аз номи ҷавонони вилояти Хатлон нашр шуда буд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, танҳо дар Сурияву Ироқ то 300 нафар аз Тоҷикистон меҷанганд. То имрӯз дар бораи ҳалокати дастикам 50 тоҷик танҳо дар ҷанги Сурия гузориш шудааст.

XS
SM
MD
LG