Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати “Фароз” мегӯяд, ба хотири "беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии мардум" ва ҳам ба далели коҳиш ёфтани баҳои гази моеъ дар бозори ҷаҳонӣ, нархи онро кам кардааст. Ҷаҳонгир Олимов, сухангӯи ширкати “Фароз” рӯзи 20 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ширкат дар нуқтаҳои фурӯши худ нархи як литр гази моеъро аз 2 сомониву 50 дирам то 1 сомониву 90 дирам пойин овардааст. Ду ҳафта қабл нархи як литр гази моеъ дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе ба 3 сомониву 50 дирам баробар буд.

XS
SM
MD
LG