Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бишкек тақрибан ҳазор нафар алайҳи нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” ва таҳқири эҳсосоти мусалмонҳо эътироз карданд. Эътирозгарон рӯзи 20 январ дар боғи ба номи Горкийи пойтахти Қирғизистон зери шиори “Ман Шарлӣ нестам, ман Паёмбарро дӯст медорам!” ҷамъ омада буданд.

Миёни тазоҳургарон сиёсатмадорон ва вакилони парлумони Қирғизистон, чеченҳо, доғистониҳо, қазоқҳо ва тоҷикҳои муқими кишвар ҳам буданд.

Гирдиҳамоӣ як рӯз баъд аз ҳамин гуна намоиши эътирозӣ дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистони Русия баргузор шуд, ки дар он, ба иттилои расмӣ, тақрибан 800 ҳазор нафар, аз ҷумла, рӯҳониёни дигар адён, ҳам ширкат доштанд. Ширкаткунандагони ин ҳамоиши пуриздиҳом нашри тасвирҳои танзомези Паёмбарро маҳкум ва кишварҳои ғарбиро танқид карданд.

Бар асари ҳамлаи ду исломгаро ба идораи маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” дар Порис рӯзи 7 январ 12 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG