Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, паёми имсолаи худ ба парлумонро рӯзи 23 январ ироа хоҳад кард. Ба ин далел, соати нуҳи рӯзи ҷумъа ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъват шудааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, паёми солонаи оқои Раҳмон тавассути ҳама шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба таври мустақим пахш хоҳад шуд.

Паёмҳои президенти Тоҷикистон ҳамчун барномаи кори ҳукумати ӯ ҳар сол дар моҳи апрел садо медоданд. Вале ба далели тағйири соли молиявӣ дар Тоҷикистон акнун паёми раиси ҷумҳур дар моҳи январ ироа мешавад. Имсол ӯ паёмашро ба вакилоне хоҳад расонд, ки ҳамагӣ баъд аз ду моҳ, дар аввали моҳи март, ваколаташон ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG