Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи сафарбарсозӣ ба артиш дар Украина


Дар Украина рӯзи 20 январ қисман ба артиш сафарбар кардани шаҳрвандон шурӯъ шуд. Фармони раисиҷумҳур Петро Порошенко дар ин бора дар расонаи расмии парлумон «Голос Украины» нашр шуд ва ба ҳукми қонун даромад.

Бар пояи фармони сарвари давлат, сафарбарсозӣ дар се марҳала 210 рӯз дар қаламрави 24 вилоят ва шаҳри Киев идома хоҳад кард. Қарор аст, ки дар марҳалаи аввал мардони аз 20 то 27 сола барои хизмат дар артиш ҷалб шаванд. Соли равон, бар пояи амри раисиҷумҳур, тақрибан 100 ҳазор нафар ба хизмати сарбозӣ сафарбар мешаванд.

Далели қисман ба артиш сафарбар кардани шаҳрвандон – «таҳдид ба якпорчагии Украина бар асари амалҳои таҷовузкоронаи Федератсияи Русия» эълон шудааст.

Ҳафтаи гузашта дар шарқи Украина даргириҳо аз сар гирифта шуданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон ҳамдигарро дар нақзи оташбас айбдор мекунанд. Айни ҳол ҷангҳо асосан барои фурудгоҳи Донетск идома карданд. Раҳбари ҷумҳурии хондаи Донетск Александр Захарченко рӯзи сешанбе ба хабаргузориҳо гуфт, ки ҷудоихоҳон фурудгоҳи Донетскро таҳти назорати комил қарор доданд. Аммо низомиёни украинӣ ин иттилоъро рад карданд.

Антон Герашенко, мушовири вазири умури дохилии Украина, рӯзи 20 январ, хабар дод, ки дар Донбасс бар асари даргириҳо бо низомиёни украинӣ дар як ҳафтаи ахир тақрибан 300 тан аз ҷудоихоҳони рустабор кушта шуданд. Ба гуфтаи ӯ, бештари низомиёни нерӯҳои “Ҷумҳурии мардумии Донетск” аз оташи тӯпхона дар фурудгоҳи Донетск, шаҳрҳои Горловка, Комсомолский ва Волноваха ба ҳалокат расидаанд.

Сокинони Донетск хабар медиҳанд, ки дар шаҳр чун як рӯз пеш садои тирандозӣ ва таркишҳо ба гӯш мерасад.

XS
SM
MD
LG