Пайвандҳои дастрасӣ

Мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи 20 январ бо нашри як навори видеоӣ ба Ҷопон таҳдид карданд, ки агар тайи 72 соат ба маблағи 200 миллион доллар кафолатпулӣ пардохт накунад, ду гаравгони ҷопонӣ эъдом хоҳанд шуд. Дар навор ду гаравгони либоси норинҷӣ дар тан, ки аз онҳо Кенҷӣ Гото Ёго ва Ҳаруна Юкава ном бурда мешавад, сабт шудаанд.

Ҳукумати Ҷопон билофосила посух дод, ки терроризмро эътироф намекунад. Ёшиҳида Суга, намояндаи ҳукумат, рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Токио гуфт,“мавқеи кишвари мо – мубориза бо терроризм ва пеши он сар хам накардан боқӣ мемонад”.

Навори видеоӣ дар сомонаҳои интернетии наздик ба гурӯҳҳои ифротие ҷой дода шудааст, ки қаблан дигар саҳнаҳои қатли гаравгонҳо аз сӯи “Давлати исломи”-ро нашр карда буданд. Як фарди либоси сиёҳ дар тан ва корд дар даст ҳукумати Ҷопонро дар ҳамдастӣ бо ИМА дар мубориза бо “Давлати исломӣ” айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG