Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони САҲА: Интихобот одилона гузарад


Миклош Ҳараштӣ (аз тарафи рост)
Миклош Ҳараштӣ (аз тарафи рост)

Як гуруҳ аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки ҳоло дар Душанбе қарор доранд, гуфтанд, бояд интихоботи парлумонии моҳи март дар Тоҷикистон одилона баргузор шавад. Миклош Ҳараштӣ, раҳбари ин гуруҳи нозирон, рӯзи 20 январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “бояд ба ҳама, чӣ ҳизби ҳоким ва чӣ мухолифон, шонси якхела дода шавад”.

Вай илова кард, инчунин, САҲА хостори шумориши одилонаи раъйи мардум дар интихоботи моҳи март мебошад. Миклош Ҳараштӣ гуфт, онҳо натиҷа ё хулосаи худро баъд аз ду моҳи баргузории интихобот эълон хоҳанд кард. Ба суол дар бораи он ки агар ин дафъа ҳам бар асоси хулосаи нозирони САҲА интихобот дар Тоҷикистон “ғайришаффоф” гузарад, онҳо чӣ тасмиме доранд, ӯ афзуд, “ҳанӯз дар ин замина чизе гуфта наметавонад”.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи якуми марти соли ҷорӣ баргузор ва намояндагони аҳзобу афроди алоҳида барои дарёфти курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон талош хоҳанд кард. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон низ назорат карда, борҳо дар хулосаҳои худ ин интихоботҳоро ғайришаффофу ғайридемократӣ унвон кардааст.

Ҳоло 14 тан аз нозирони БДИПТЧ-и САҲА барои назорати ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд. Қарор аст дар ҳафтаи оянда боз 16 нафар нозирони ин созмон ба Тоҷикистон биоянд.

XS
SM
MD
LG