Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Ширинов: "Бӯҳрон пешгӯинашаванда аст"


Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки беқуршавии сомонӣ ба бӯҳрони иқтисодӣ ва пасту баланд шудани қимати нафт вобаста аст. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 20 январ дар посух ба ин суол, ки оё бӯҳрони иқтисодӣ соли равон низ идома мекунад, гуфт, ки ин амр пешгӯинашаванда аст ва ҳатто кишварҳои аврупоӣ наметавонанд инро ба таври дақиқ пешгӯӣ кунанд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, дар ҳамин даврае, ки қурби сомонӣ рӯ ба коҳиш буд, дар бозори мубодилаи асъор шахсоне пайдо шудаанд, ки бидуни сабти ном фаъолият кардаанд. Вай афзуд, ки чанд маротиба санҷиш гузарониданд ва 9 чунин ҳолатро ба додситонӣ ирсол кардаанд. Ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар кишвар 1539 нуқтаҳои мубодилаи асъор вуҷуд дорад, ки нисбати соли 2013 яксаду понздаҳ адад зиёд шудааст, ки 645 адади он дар шаҳри Душанбе будааст.

XS
SM
MD
LG