Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Снайпер ё нишонзани пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон аз масофаи 100 метр бо камони снайперии Драгунов тирро ба тангаи якрублӣ расонда, рекорди нав гузоштааст. Расонаҳои Русия аз қавли Ярослав Рошупкин, сухангӯи ҳавзаи марказии артиши Русия, ки пойгоҳи 201 низ тобеи он аст, хабар доданд, ки “дар рафти машқҳои тирпарронии ротаи нишонзанҳои пойгоҳи 201 дар тамрингоҳи Мумирак дар канори Кӯлоб, як нишонзани ин рота тирро ба тангаи якрублӣ расонд.” Исми ин нишонзан оварда нашудааст, вале ба гуфтаи Рошупкин, ӯ рекорди сержант Андрей Бакуновичро, ки қаблан тангаи 5-рублиро нишон гирифта буд, зад.” Пойгоҳи 201 бо зери 7000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба ҳисоб меравад. Дар соли 2012 ҳукумати Тоҷикистон замони будубоши ин пойгоҳро то соли 2042 тамдид кард.

XS
SM
MD
LG