Пайвандҳои дастрасӣ

Холиқов: Омодаем дар се ҳафта хати парвози Душанбе Тошкандро ҳуҷҷатгузорӣ кунем


Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе рӯзи 19-уми январ дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфтанд, ки дар маҷмуъ соли гузашта аз ин фурудгоҳ 1,3 миллион мусофир истифода кардааст. Рустам Холиқов, роҳбари Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, дар бораи ба роҳ мондани хати парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд гуфт, ки ба онҳо ҳеҷ дархости расмие ворид нашудааст ва дар ҳоли расман омадани ингуна дархост онҳо омодаанд дар муддати се ҳафта ҳамаи ҳуҷҷатгузориро ба роҳ монанд.

XS
SM
MD
LG