Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ереван фаъоли ҳуқуқи башар лату кӯб шуд


Вилен Габриелён-яке аз мудофеони маъруфи ҳуқуқи башари Арманистон дар Ереван-пойтахти ин кишвар шадидан лату кӯб шудааст.

Ҳамкорони Вилен мегӯянд, ки 4 марди ношинос 18 январ дар маркази шаҳр соати 22 ба вай ҳамла кардаанд. Акор Симидиён-ҳамкори вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлакунандагон дар рӯ ниқоб бо асо ба Вилен ҳамла бурдаанд. Сару сурати Вилен хуншор шудааст ва варам кардааст.

Симидиён мегӯяд, ки ба бовари вай, ин ҳамла қасос барои фаъолиятҳои вай мебошад. Вилен Габриелён дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур аст ва бо номи мустаори “ларзонандаи киштӣ” шинохта шудааст.

XS
SM
MD
LG