Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба яке аз посгоҳҳои марзии Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистонро яке аз низомиёни ҳамин посгоҳ созмон дода будааст. Дар ин бора кумиссиюни расидагӣ ба ин ҳодиса хабар додааст. Ин ҳамла шаби шанбе дар посгоҳи “Айкол”-и ноҳияи Лайлак рух дода буд.

Бино ба хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон, созмондиҳандаи ин ҳамла дар ин бора эътирофот додааст. Дар ҳамла ба посгоҳ як нафар кушта ду нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Бино ба хабари ин манбаъ, ҳоло сабабҳои ин ҳамла ва доираи афроде, ки дар ин ҳамла даст доштаанд, таҳқиқ мешавад. Баъд аз ин ҳамла марзбонони вилояти Бодканд ба ҳолати хидмат дар вазъи изтирорӣ дароварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG