Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз раҳпаймоии зиддиисломӣ дар Дрезден


Пулиси Дрезден
Пулиси Дрезден

Пулиси Олмон аз баргузории раҳпаймоие дар шаҳри Дрезден пешгирӣ кард. Ин раҳпаймоиро ҷунбиши зидди исломии Пегида барномарезӣ карда буд. Ҳамоишҳои дигари иҷтимоӣ низ барои 19 январ дар назар гирифта шуда буд, вале бо назардошти таҳдидҳои террористӣ аз баргузории ҳамоишҳо ва раҳпаймоӣ пешгирӣ карданд.

Пулиси Дрезден 18 январ гуфт, ки онҳо дар бораи “таҳдидҳои мушаххас” ба Пегида, яъне ба ҷунбиши аврупоиҳои ватанпараст бар зидди исломӣ шудани Ғарб аз мақомоти федеролӣ ва амниятӣ маълумот гирифтаанд.

Пулис мегӯяд, даъватҳое ҳаст, ки маргталабон ба суфуфи эътирозгарон бояд роҳ ёбанд ва баъзе аз аъзои Пегидаро дар ин тазоҳурот ба қатл расонанд. Рӯзномаи “Билд”-чопи Олмон низ гузориш додааст, ки ин таҳдидҳо ба Лутс Бачман-раҳбари Пегида иртибот доштааст.

Пегида аз моҳи октябр ба ин сӯ дар Дрезбен раҳпаймоиҳо анҷом медиҳад. 12 январ дар раҳпаймоии онҳо тақрибан 25 ҳазор нафар ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG