Пайвандҳои дастрасӣ

ИА муносибат бо Русияро баррасӣ мекунад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

19 январ дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел баррасии масъала роҷеъ бамуносибатҳои бади ин иттиҳодия бо Русия дар садри масъалаҳои дастури рӯз қарор дорад. Мумкин аст вазирон ҳамчунин нигарониҳои амниятӣ ва терроризмро ба баррасӣ бигиранд.Ин масъалаҳо баъд аз ҳамлаи тундравҳои исломӣ дар Порис дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Федерика Моғеринӣ-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳафтаи гузашта гуфт, ки мумкин аст дар ин мулоқот “Руссияро водор кунанд, то роҷеъ ба вазъи шарқи Украина мавзеъгирии худро тағир диҳад”.

Рӯзҳои ахир дар ин минтақа даргириҳо миёни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ташдид ёфтааст. Вазирон дар мулоқоти худ ба масъалаи Давлати Исломӣ ва тундравҳои дигар низ таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG