Пайвандҳои дастрасӣ

Сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса пас аз ҳамлаи ҳаккери дубора фаъол шуд. Тибқи иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, сайти сафорати Тоҷикистон дар Фаронса рӯзи 17 январ дар соати 17:30 фаъол шуд ва хонандаҳои метавонанд озодона вориди он шаванд. Cомонаи сафорати Тоҷикистон рӯзи 9 январ дар пойтахти Фаронса дар пайи ҳамлаҳои ахири террористӣ дар ин шаҳр мавриди ҳамлаи ҳаккерҳое қарор гирифта буд, ки бо аз байн бурдани тамоми маълумоти нашршуда дар саҳифаи асосии сомона, шиореро ба ин мазмун овехтаанд: Op France Musulman Еt je Рas Charli” (Мусулмонам ман, на Шарли). Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса рӯзи 13 январ дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта, ки дар воқеъ сомонаи сафорат - tajembfrance.fr/ таҳти ҳамла қарор гирифтааст. Ҳомидҷон Назаров ин ҳамлаи ҳакериро ба ҳаводиси ахири Фаронса марбут карда буд. Дар пайи ҳамлаҳои ахир дар пойтахти Фаронса, 17 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки аксари онҳо кормандони маҷаллаи "Шарли Эбдо" буданд.

XS
SM
MD
LG