Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти Тоҷикистон аз Африқои ҷанубӣ


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) рӯзи 18-уми январ дар бозии дувумаш дар Ҷоми Иттиҳод-2015 дар Санкт-Петербурги Русия аз тими Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ (U-20) бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрд.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки 18-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, аз мунтахаби Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ (U-20) бо ҳисоби 1-3 мағлуб гашт.

Ду голро футболбозони африқоӣ дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаҳои 26-ум ва 38-ум ва як голро дар нимаи дувум, дар дақиқаи 50-ум, ба ҳадаф расонданд. Як голи мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 72-юм зада шуд. Тӯбро Абдурасул Раҳмонов аз ҷаримаи 11-метра ба дарвозаи ҶАҶ ворид кард.

Гурӯҳи С

Тоҷикистон ҶАҶ - 1:3 (0:2)

Голҳо: Мадиша, 26 (0:1), Монамудӣ, 38 (0:2), Домингу, 50 (0:3), Раҳмонов, 72 (1:3)(пен.).

Тоҷикистон: Сониев, Чақалов (Абдуғаффоров, 61), Шарифов (к), Ҷӯрабоев, Саидов (Ҷалилов, 64), Шарифов, Алиев (Музаффаров, 79), Эргашев, Саидхони Амрохон, Раҳмонов (Раҳматов, 87), Азимов.

ҶАҶ: Мкизе С., Сериба (Мкизе К., 46), Мадиша (к), Моэрани, Дипоку (Монамудӣ, 21), Леепиле (Буиканю, 66), Нгобо, Лютхули, Домингу (Матабела, 83), Лоренсу (Марайсане, 68), Виллямс.

Огоҳонида шуданд: Абдуғаффоров, 75, Раҳмонов, 86, Марайсане, 87.

Доварон: Р. Чернов, А. Шимаригин, Р. Мухторов.

Бозигарони беҳтарин: Абдурасул Раҳмонов, Мочека Мадиша.

Санкт-Петербург, МВК "Петербургский, 1000 тамошобин.

Рӯзи якшанбеи 18-уми январ дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “С” мунтахаби ҷавонони Қазоқистон (U-21) бар тими Литва (U-21) бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “С” чунин аст:

  1. Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ - 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-2
  2. Тоҷикистон - 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 2-3
  3. Қазоқистон – 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 1-1
  4. Литва – 1 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 1-2

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии севумашро 20-уми январ бо тими Литва анҷом медиҳад.

Ба ҳайати мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон 19 футболбоз дохил аст: дарвозабонҳо - Дилшод Дадобоев («Эсхата»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), ҳимоятгарон - Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров (РТСУ), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Парвизҷон Ҳомидов («Хайр»), Дилшодҷон Каримов («Хуҷанд»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), нимҳимоятгарон - Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»), Вайсиддин Сафаров («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов (ҳар ду аз ССКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), ҳамлагарон - Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»).

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2015:

Гурӯҳи «А»: Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия.

Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.

Гурӯҳи «С»: ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.

16 январ (ҷумъа)

14:00 – Молдова – Қирғизистон -1-1

16:15 – Эстония – Финляндия – 1-2

18:30 – Беларус – Туркманистон -1-0

21:00 – Русия – Латвия – 1-0

17 январ (шанбе)

14:00 – ҶАҶ – Литва -1-1

16:15 – Тоҷикистон – Қазоқистон - 1-0

18:30 – Финляндия – Туркманистон – 1-1

21:00 – Эстония – Беларус -0-4

18 январ (якшанбе)

14:00 – Латвия – Қирғизистон – 1-1

16:15 – Қазоқистон – Литва – 1-0

18:30 – Тоҷикистон – ҶАҶ – 1-3

21:00 – Русия – Молдова

19 январ (душанбе)

14:00 – Беларус – Финляндия

16:15 – Туркманистон – Эстония

18:30 – Молдова – Латвия

21:00 – Қирғизистон – Русия

20 январ (сешанбе)

14:00 – ҶАҶ – Қазоқистон

16:15 – Литва – Тоҷикистон

21 январ (чоршанбе)

1/4 финал

14:00 – 1А – 3В/3С

16:15 – 2B – 2С

18:30 – 1С – 2А

21:00 – 1В – 3А/3С

22 январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои за 9-12-ум

18:30 – 4А – 4С

21:00 – 4В – 3А/3В/3С

23 январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

18:30 – Нимфинал

21:00 – Нимфинал

24 январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25 январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG