Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко: “Ягон ваҷаб замини Украинаро ба касе намедиҳем”


Дар шарқи Украина, бар хилофи созиши оташбас, набардҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор шурӯъ шуданд.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, изҳор намуд, ки Киев қаламрави аз сӯи ҷудоихоҳон ишғолшудаи вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро бармегардонад. Ӯ рӯзи якшанбе, 18 январ, дар суханроние дар Раҳпаймоии ваҳдат дар Майдони Истиқлоли Киев гуфт, “мо ягон ваҷаб замини Украинаро ба касе намедиҳем. Мо Донбассро бармегардонем. Мо пирӯз мешавем ва дар Украина сулҳу амонӣ ҳукмфармо хоҳад шуд. Ишғолгар аз хоки Украина берун карда мешавад”.

Раҳпаймоии Ваҳдат асосан ба ёди қурбониёни ҳамла ба як автобуси мусофирбар дар шарқи Украина созмон дода шуд – дар он ҳамла дар канори шаҳри Волноваха, ки рӯзи 13 январ сурат гирифт, 12 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Бештари ширкаткунандагони ҳамоиш дар пайравӣ аз тазоҳуроти Порис баъд аз ҳамла ба маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” дар даст навиштаҷоти “"Je suis Volnovakha"” доштанд. Мақомоти Украина ҳамла ба автобусро “хунбортарин ҳамла дар шарқи кишвар” дар чанд моҳи ахир номиданд. Ба иддаои Киев, ҷудоихоҳони рустабор як постгоҳи полиси Украинаро ҳадаф гирифтанд, аммо мушакашон ба автобуси мусофирбар расид. Вале ҷудоихоҳон ин иттиҳомро рад карданд.

Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, рӯзи 14 январ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки баъд аз тирборон шудани автобуси мусофирбар ҷудоихоҳони рустаборро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кунад.

Шӯрои амнияти СММ ҳамла ба автобусро шадидан маҳкум кард ва хостори таҳқиқи ҳодисаву муҷозоти гунаҳкорон шуд. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА аз афзоиши хушунат дар шарқи Украина изҳори нигаронӣ ва ҷудоихоҳонро дар тирборони автобуси мусофирбар айбдор карданд.

Петро Порошенко дар суханронӣ дар Майдони Истиқлол гуфт, “даҳҳо ҳазор нафар имрӯз ба Майдони Истиқлол омаданд. Миллионҳо нафар дар сартосари Украина - аз Закарпатие то вилоятҳои Луҳанску Донетск барои он ҷамъ омаданд, ки ҳамроҳ барои қурбониҳои бегуноҳи рӯзи 13 январ дуову ниёиш кунанд”. Сарвари Украина афзуд, “мо наметарсем, касе ҳам наметавонад моро битарсонад, зеро ҳақиқат бо мост, ҳама олам бо мост ва Худо бо мост. Аз ин рӯ, пирӯзӣ насиби мо хоҳад шуд – пирӯзӣ аз болои террор ва ишғолгарон. Мо дар муборизаамон барои сулҳ пирӯз хоҳем шуд”.

Дар ҳамин ҳол Андрей Лисенко, сухангӯи Шӯрои амният ва мудофиаи Украина, рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки нерӯҳои кишвар ба амалиёти густурда шурӯъ карданд ва дубора фурудгоҳи Донетскро таҳти назорат қарор доданд. Аз ин пеш Киев хабар дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи якшанбе фармон гирифтанд, то ба мавқеъҳои ҷудоихоҳон дар Донетск бо истифода аз ҳама навъи силоҳ ҳамлаи густурда анҷом диҳанд. Ба думболи ин хабаргузориҳо бо такя ба шаҳрдории Донетск навиштанд, ки дар шаҳр садои таркиш ва тири тупхона ба гӯш мерасад. Шоми якшанбе дар бораи тахриду осеби ҷиддӣ дидани чанд бинои зист ва баста шудани ҳама муассисаҳову мағозаҳо хабар расид.

Тайи шабонарӯзи гузашта ба иттилои Андрей Лисенко, дар набардҳо чаҳор сарбози украинӣ кушта ва 32 низомии дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин посух ба иддаои ҷудоихоҳон аз “Ҷумҳурии мардумии Донетск” буд, ки мегуфтанд, шаби гузашта дар набардҳо барои фурудгоҳ беш аз сад низомии украинӣ куштаву маҷрӯҳ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG