Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Бразилия ба эъдоми як шаҳрванди кишвар дар Индонезӣ бо лаҳни шадид эътироз карданд. Марко Арчер Кардосо Морейра соли 2003 баъд аз он дастгир шуда буд, ки полиси Ҷакарта дар делтаплани ӯ беш аз 13 кило кокаинро пайдо намуд.

Ҳамроҳ бо ин бразилиягӣ рӯзи якшанбе, 18 январ, боз панҷ каси дигар – шаҳрвандони Индонезӣ, Малавӣ, Нигерия, Вйетнам ва Ҳуланд ҳам эъдом шуданд. Зимнан, ин аввалин ҳодисаи қатли як шаҳрванди Барзилия дар хориҷи кишвар аст.

Раисиҷумҳури Бразилия Дилма Русеф изҳор намуд, ки аз ин хабар дар ҳоли шок қарор дорад ва амали Индонезӣ ба равобиташ бо Бразилия бетаъсир нахоҳад монд. Сафири Бразилия дар Ҷакарта барои машварат ба кишвар бозхонда шуд. Ҳуланд ҳам аз ҳамин гуна иқдом кор гирифт. Вазири умури хориҷии Ҳуланд Берт Кундерс эъдоми шаҳрванди Ҳуландро «амали ғайри қобили таҳаммул» номид.

Дар Индонезӣ барои қочоқи маводи мухадир ҷазои сахттарин муқаррар шудааст. Раисиҷумҳур Ҷоко Видодо мегӯяд, онҳое, ки тавассути маводи мухадир зиндагии одамони зиёдеро барбод медиҳанд, қобили бахшиш ва шафқат нестанд.

XS
SM
MD
LG