Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи якшанбе фармон гирифтанд, ки ба мавқеъҳои ҷудоихоҳон дар Донетск бо истифода аз ҳама навъи силоҳ ва тонку зиреҳпӯшу ҳавопаймоҳо ҳамлаи густурда анҷом диҳанд. Дар ин бора мушовири раисиҷумҳур Юрий Бирюков дар Facebook хабар дод.

Аз ин пеш ин мансабдор навишта буд, ки шаби якшанбе нисбатан ором сипарӣ шуд ва низомиён 20 захмиву ҷасади ду сарбози кушташударо аз минтақаи даргирӣ дар фурудгоҳи Донетск берун кашиданд. Афроди маҷрӯҳ ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.

Бар пояи хабарҳо, шурӯъ аз шоми шанбе ҷудоихоҳон 28 бор мавқеъҳои артиши Украина ва рустову шаҳракҳои Кримское, Счастие, Трехизбенка, Тоненкое, Пески, Опитное, Николаевка ва Маринка ҳадафи тирборон қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол ҷудоихоҳон аз “Ҷумҳурии мардумии Донетск” хабар доданд, ки шаби гузашта дар набардҳо барои фурудгоҳ беш аз сад низомии украинӣ куштаву маҷрӯҳ шуданд, 17 тан аз ҷудоихоҳон низ ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли ҷудоихоҳон навиштааст, ки шаби гузашта се ҳамла ба фурудгоҳи Донетск баргардонида шуд.

Хабаргузориҳо бо такя ба шаҳрдории Донетск навиштанд, ки аз субҳи рӯзи якшанбе дар садои таркиш ва тири тупхона ба гӯш мерасад.

XS
SM
MD
LG