Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргириҳо барои фурудгоҳи Донетск


Низомиёни украинӣ шаби якшанбе ба ҳифзи мавқеъҳои худ дар фурудгоҳи Донетск ва аз он ҷо берун кардани маҷрӯҳон муваффақ шуданд. Мушовири раисиҷумҳури Украина Юрий Бирюков дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки шаб нисбатан ором сипарӣ шуд ва низомиён 20 захмиву ҷасади ду сарбози кушташударо аз минтақаи даргириҳо берун кашиданд. Афроди маҷрӯҳ ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.

Бар пояи хабарҳо, шурӯъ аз шоми шанбе ҷудоихоҳон 28 бор мавқеъҳои артиши Украина ва рустову шаҳракҳои Кримское, Счастие, Трехизбенка, Тоненкое, Пески, Опитное, Николаевка ва Марйинкаро ҳадафи тирборон қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол ҷудоихоҳон аз “Ҷумҳурии мардумии Донетск” хабар доданд, ки шаби гузашта дар набардҳо барои фурудгоҳ беш аз сад низомии украинӣ куштаву маҷрӯҳ шуданд, 17 тан аз ҷудоихоҳон низ ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли ҷудоихоҳон навиштааст, ки шаби гузашта се ҳамла ба фурудгоҳи Донетск баргардонида шуд.

XS
SM
MD
LG