Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 350 язидӣ аз сӯи "Давлати исломӣ"


Низомии воломақоми курд дар шимоли Ироқ рӯзи якшанбе хабари аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” раҳо карда шудани 350 тан аз намояндагони язидиҳоро тасдиқ карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, афроди мусаллаҳ бандиҳоро дар автобусҳо то наздикиҳои Киркук оварда, ба дасти мусаллаҳони нерӯҳои “Пешмарга” супурданд.

Бештари раҳошудагон афроди солхурда ваё маризанд, миёни онҳо чанд навзоди бемор низ ҳаст. Ин язидиҳо панҷ моҳ дар вазъи сангин ба сар бурданд ва бар пояи иқрорашон, ҳамеша гуруснаву мариз буданду тарси кушта шудан пайваста азияташон мекард.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” тобистони соли гузашта манотиқи язидинишини шимолу ғарби Ироқ, аз ҷумла, шаҳри Санҷорро таҳти тасарруф қарор дод ва садҳо намояндагони ин аққалияти қавмиро, ки аз як шохаи мазҳаби шиа пайравӣ мекунанд, эъдом кард. Даҳҳо ҳазорон язидиҳо ба дигар манотиқи Ироқ фирор намуданд.

Мақомоти Курдистон пурсуҷӯи раҳошудагонро шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG