Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 гумонбари ҳамлаи Пешовар


Мақомоти амниятии Афғонистон рӯзи шанбе дар бораи боздошти панҷ нафаре хабар доданд, ки дар куштори толибоилмони як мактаб дар шаҳри Пешовари Покистони ҳамсоя даст доштанд. Ҳамаи панҷ нафар тайи ҳафтаҳои ахир дар марзҳои шарқии Афғонистон баъд аз дарёфти иттилоъ аз Исломобод дастгир карда шуданд.

Ба гуфтаи Кобул, нафаре аз боздоштшудагон шаҳрванди Афғонистон нест.

Ҳамлаи маргбори толибон ба як мактаби ҳарбӣ дар шаҳри Пешовар рӯзи 16 декабри соли гузашта сурат гирифт ва бар асари он 132 шогирд ва 9 омӯзгору кормандони мактаб кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо Таҳрики Толибони Покистон бар ӯҳда гирифт ва эълом дошт, ки он интиқом барои амалиёти артиши Покистон дар Вазиристони шимолист.

Аз ин пеш мақомоти Покистон хабар доданд, ки ҳафт нафар аз ҳамлагарон ба мактаби ҳарбии Пешоварро нобуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG