Пайвандҳои дастрасӣ

Хушбинии Ромадановский ба бозгашти муҳоҷирон


Константин Ромадановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, мегӯяд, ки баъд аз як-ду моҳ теъдоди муҳоҷирони корӣ дар сатҳи қаблӣ қарор мегирад ва норасоие дар нерӯи кории хориҷӣ нахоҳад буд. Ӯ дар ин бора рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Россия” хабар дод.

Даҳ рӯз пеш пеш ин мансабдори рус иқрор карда буд, ки мавҷи муҳоҷирон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 70 дар сад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, кам шудани теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, мушоҳида мешавад ва ҳамзамон ҳарчӣ бештар шаҳрвандони Чин, Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ барои кор ба Русия меоянд..

Бар асари сад пойин рафтани қурби рубли русӣ дар баробари доллар ва евро, ки сабаби аслияш таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия аст, теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ ба ватанашон баргаштанд. Як сол пеш як доллар дар Русия каме бештар аз 30 рубл қиммат дошт, моҳи январи соли равон бошад, дар саррофиҳо як доллар ба беш аз 60 рубл фурӯхта мешавад.

Дар Федератсиони муҳоҷирони Русия ба радиои “Эхо Москвы" гуфтанд, ки коҳиши вуруди муҳоҷирон ба Русия бо дигар омил - ҷорӣ шудани шартҳои нави дарёфти патент ё муҷаввизи кор рабт дорад. Акнун муҳоҷирон патентро фақат дар ҳоле метавонанд бихаранд, ки имтиҳонҳои забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои ҳуқуқро супурда бошанд.

XS
SM
MD
LG