Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози ингушҳо ба нашри тасвири Паёмбар


Эътироз алайҳи "Шарлӣ Эбдо" дар Афғонистон

Эътироз алайҳи "Шарлӣ Эбдо" дар Афғонистон

Дар шаҳри Магас, пойтахти Ингушистони Русия, рӯзи 17 январ даҳҳо ҳазор нафар дар намоиши эътирозӣ алайҳи нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” эътироз карданд. Дар намоиши эътирозӣ раисиҷумҳурии Ингушистон Юнусбек Евкуров ва муфтӣ Исо Ҳоҷӣ Ҳамхоев ширкат доштанд.

Эътирозгарон нашри тасвири танзомези Паёмбарро шадидан маҳкум ва ба ғайри қобили қғабул будани ин гуна амал таъкид карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин таҳқиру тавҳини Паёмбар эҳсоси бадбиниву нафрати мусалмонҳо бармеангезад.

Муфтии Ингушистон изҳор намуд, ки мардуми кишвар ҳамла ба идораи маҷаллаи фаронсавиро ҳам маҳкум мекунанд.

Аз ин пеш мақомоти Чеченистон гуфтанд, дар намоиши эътирозӣ алайҳи нашри карикатураи Паёмбари ислом, ки рӯзи душанбе дар шаҳри Грозний баргузор хоҳад шуд, ним миллион нафар ширкат хоҳанд кард.

Намоишҳои эътирозӣ алайҳи нашри тасвири танзомези Паёмбари Ислом дар маҷаллаи фаронсавӣ ва бознашри он дар рӯзномаву маҷаллаҳои аврупоӣ дар чанд кишвари исломиву мусалмоннишин – Афғонистон, Покистон, Урдун, Алҷазоир, Сурия, Ҳиндустон, Филиппин ва шаҳри Байтулмуқаддас баргузор шуданд. Эътирозҳо дар Афғонистону Покистону Урдун ба бархӯрд бо полис печиданд.

Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Омилони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Кучӣ ду рӯз баъд дар амалиёти вижаи полис дар як шаҳри канори Порис ба ҳалокат расиданд. Як ҳафта баъд аз ҳамла “Шарлӣ Эбдо” карикатураи нави Паёмбари исломро нашр кард.

XS
SM
MD
LG