Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи шанбе изҳор намуд, ки пешрафт дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар сурати иродаи сиёсӣ мумкин аст. Ӯ шоми 16 январ дар Женева бо вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус масоили марбут ба бӯҳрон дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ кард.

Ҷавод Зариф ба хабарнигорон гуфт, ки бо муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков ҳам дидору гурфтугӯ дошт ва қарор аст, ки рӯзи 17 январ бо ҳамтои бритониёвияш Филипп Ҳаммонд низ телефонӣ сӯҳбат кунад.

Намояндагони Эрон ва ИМА рӯзи 17 январ гуфтугӯро, ки ҳадафаш аз бунбаст берун кардани музокирот аст, дар ҳузури ҳайати Иттиҳодияи Аврупо идома медиҳанд. Қарор аст, ки ин нишаст рӯзи якшанбе низ идома кунад.

Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон талоши қатъи барномаи ҳастаии Эрон ба ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалиро доранд.

ИМА ва кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Аммо Теҳрон боисрор мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.

Моҳи ноябри соли гузашта музокироти ҳайатҳои Эрон ва “шашгона” ноком шуд ва ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки гуфтушунидҳо оид ба барномаи ҳастаии Эрон то моҳи июли соли 2015 тамдид шаванд.

XS
SM
MD
LG