Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоихоҳон аз Ҷумҳурии мардумии Донетск охирин гурӯҳи низомиёни украинариро аз фурудгоҳи шаҳри Донетск дур андохтанд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба намояндагони ҷудоихоҳон хабар доданд.

Дафтари матбуоти амалиёти вижаи нерӯҳои Украина дар Донбасс, дар навбати худ, изҳор намуд, ки фурудгоҳи Донетск зери назорати низомиён боқӣ мемонад.Ба гуфтаи онҳо, шаби шанбе ҷудоихоҳон аз силоҳи оташфишон, миномёт ва тӯпхона сӯи терминали нав оташ кушоданд. Чанд маҳаллаи наздик ба фурудгоҳ, ки ба иттилои хабаргузориҳо, артиши Украина нерӯҳои навашро он ҷо мустақар мекунад, низ мавриди тирборони ҷудоихоҳон қарор гирифтанд.

Фурудгоҳи Донетск рӯзҳои ахир ба саҳнаи асосии муқовимат миёни ҷудоихоҳон ва низомиёни украинӣ табдил шудааст. Даргириҳо баъди он аз сар гирифта шуданд, ки ҷудоихоҳон 13 январ аз артиши Украина талаб намуданд, ки бинои фурудгоҳро тарк кунанд.

Ахиран Юрий Бирюков, мушовири раисиҷумҳури Украина, хабар дод, ки дар набардҳо барои фурудгоҳи Донетск як низомии украинӣ кушта ва 11 сарбози дигар маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG