Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти зидди “Шарлӣ Эбдо” дар Покистон


Ҳазорон нафар дар чандин шаҳри Покистон бо эътироз аз нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” ба хиёбонҳо баромаданд. Дар назди консулгарии Фаронса дар Карочӣ норозиён бо полис задухӯрд карданд. Полис зидди онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода намуд. Маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” дар шумораи нави худ акси танзомези паёмбари исломро нашр кард, ки бо шиори “Ман Шарлӣ ҳастам” ашк мерезад. “Ман Шарлӣ ҳастам” шиорест, ки миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ба воситаи он ҳамраъйии худро бо 12 қурбонии ҳамлаи ситезаҷӯён ба идораи маҷалла баён медоранд. 15-уми январ вакилони палатаи поёнии порлумони Покистон бо як овоз танзҳоро маҳкум карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуданд, аз такрори чунин аъмол пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG