Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманиҳо ба қатли 6 узви як хонавода эътироз карданд (2 ВИДЕО)


Садҳо тан аз сокинони Арманистон талаб доранд, Русия сарбозеро, ки ба қатли шаш узви як хонавода муттаҳам мешавад, ба онҳо таслим кунад. Ин тазоҳурот дар канори пойгоҳи низомӣ ва консулгарии Русия баргузор шуд.

Тазоҳургарон дар Арманистон аз мақомоти низомии Русия талаб доранд, гумонбаршудаи куштори як хонаводаи шашнафарӣ дар Гюмриро таслим кунад. Ин намоиши эътирозӣ бузургтарин чолиши Арманистон баъд аз оғози равобити танготанг бо Маскав аст.

Рӯзи 15 январи соли ҷорӣ садҳо нафар ба нишони эҳтиром ба ин хонавода ва бо талаби таслими ин аскар ва ниҳодҳои ҳифзи тартиботи Арманистон, дар назди пойгоҳи низомии Русия ва маъбади Гюмрӣ ҷамъ шуданд. Ҷавонтарин қурбонии ин куштори ваҳшатнок Ҳасмик Аветисиёни дусола аст, ки тобути кӯчаки ӯ дар сафи охири панҷ тобути дигар ҷойгир буд.

Ин хонавода, ки ҳамсояҳо онро як оилаи орому меҳнатдӯст тасвир мекунанд, аз падарбузургу модарбузург, писару духтар, келин, кӯдаки шашмоҳа ва ҳамин Ҳасмики дусола иборат буд, ки шоми 12 январи соли ҷорӣ кушта шуданд. ​Сережаи шашмоҳа, ки аз зарбаҳои корди ин аскар ҳоло дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористон нигаҳдорӣ мешавад, ягона нафарест, ки аз ин ҳуҷум ҷон ба саломат бурдааст.

Куштор бо бераҳмие, ки анҷом шуд, мардуми ин кишвари Қафқози Ҷанубиро ба ваҳшат овард, махсусан, ки ҷиноятро на як арманӣ, балки аскари пойгоҳи 102-и Русия, мустақар дар Гюмри, содир кардааст. Валерий Пермяков, гумонбаршудаи куштори хонаводаи арманӣ, баъд аз боздошт дар марзи Туркия ба гуноҳи худ иқрор шуд. Гуфта мешавад, ӯ чанд соат пеш аз куштор пойгоҳи низомиро бидуни мушкилот бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ тарк карда буд.

Ангезаи ин куштор то ҳол мушаххас нест, ҳарчанд гуфта мешавад, ин аскари ҷавон, ки ду моҳ пеш барои хизмат дар ин пойгоҳ аз минтақаи Сибир даъват шуд, “бемории равонӣ” дорад. Аммо даст доштани як аскари рус дар қатли як хонаводаи арманӣ мавҷи эътирозгаронро ба кӯча рехт, ки на танҳо додани муҷримро талаб карданд, балки мавзӯи тасаллути давомдори Русия бар ин кишвари фақири Қафқозро матраҳ намуданд. Арманистон ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя, ки аксарони русро аз қаламравҳои худ хориҷ кардаанд, пойгоҳи Русияро барои даҳсолаҳо дар хоки худ мустақар намудааст.

Арман Сулаймониён, хабарнигори арманӣ, дар сӯҳбат бо телевизиони “Дожд”-и Русия аз ин изҳори ҳайрат кард, ки чӣ тавр як аксари саропо мусаллаҳ, бидуни мамониат аз пойгоҳ хориҷ мешавад ва касе ҳам пеши роҳ ӯро намегирад. “На садои занги изтироб баланд шуд ва на касе парво дорад, ки чаро як аскар дар кӯча бо Калашников мегардад”,-мегӯяд Сулаймониён. Вай афзуд, "вокуниши мақомот баъд аз куштор ин буд, ки аскар гӯё аз ин хонавода об хостааст, вале ҷавоби рад шунидаву баъд ҳамаи аъзои оиларо ба қатл расонидааст. Боз як изҳороти аблаҳонаи дигар."

Валерий Пермяков, сарбози рус, ки ба қатли шаш узви як хонавода дар Арманистон муттаҳам аст
Валерий Пермяков, сарбози рус, ки ба қатли шаш узви як хонавода дар Арманистон муттаҳам аст

Тӯдаи мардум, ки рӯзи 15 январ дар рӯбарӯи пойгоҳи низомии Русия дар Гирюмӣ ҷамъ омаданд, аз низомиёни Русия талаб карданд, аскарро ба ниҳодҳои ҳифзи тартиботи Арманистон таслим кунад. Пойгоҳе, ки Валерий Пермяков ҳоло дар онҷо ҳабс шудааст. Як рӯз баъди ин куштор Додситонии кулли Арманистон гуфт, Пермяковро ба онҳо намедиҳанд, зеро Қонуни асосии Русия таслими шаҳрвандони ин кишварро ба як давлати хориҷӣ манъ кардааст.

Адои эҳтиром ба қурбониёни ҳамла дар Гюмри
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Аммо фаъолони ҳуқуқ дар Арманстон мегӯянд, ин далел, ки Валерий Пермяковро дар дохили пойгоҳ нигаҳ медоранд, хилофи созишномаи дуҷонибаи соли 1997 аст, ки мегӯяд, аксарони рус, ки дар беруни пойгоҳи низомӣ ҷиноят содир кардаанд, таҳти қонуни кайфарӣ ва ҷиноии Арманистон меафтанд. Ба дунболи таҷаммӯи мардум дар назди пойгоҳи низомии Русия, додситони кулли Арманистон Геворк Костаниён ба эътирозгарон гуфт, ки масъалаи дар Ереван баррасӣ шудани қазияи Пермяковро бо мақомоти Русия матраҳ мекунад.

Аммо аксари арманиҳо бар ин боваранд, ки дар ин қазия мақомоти кишвар ҳам сухани Маскавро дар замин намегузоранд, барои онҳо нодида гирифтани талаби тазоҳургарон арзонтар меафтад. Арманистон дар соли 2013 созишномаи Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро ба фоидаи Маскав рад кард ва ба Иттиҳоди гумрукии таҳти назари Кремлин шомил шуд. Ин аст, ки Ангела Ҳассосиён, як мушовири равобит бо ҷомеа, мегӯяд, мақомоти Арманистон метарсанд, ки хотири Маскав озурда шавад, аз ин рӯ сарфи назар аз он ки қазияро дар куҷо баррасӣ мекунанд, дар ниҳояти амр масъала “хуши ба хушӣ” ҳал мешавад.

XS
SM
MD
LG