Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои марзбон, ҷузвутомҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба таҷаммуи мусаллаҳон дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, дар нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ хабар дод ва афзуд, маълумоти ҷамъомади ситезаҷӯён дар он сули Ому тасдиқ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин мусаллаҳон ба ҷунбиши Толибон ва Ҳаракати исломии Туркистон марбутанд. Марзи байни Тоҷикистон ва афғонистон 1344 километр буда, баъзе аз порчаҳои он дар манотиқи кӯҳистонӣ барои дидбонии шабонарӯзӣ душвории зиёд доранд.

XS
SM
MD
LG