Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба мусулмони наҷотбахши яҳудиён шаҳрвандӣ дод


Фаронса ба ҷавони мусулмоне шаҳрвандӣ тақдим кард, ки дар гаравгонгирии муштариён дар фурӯшгоҳи ғизои кошерии яҳудӣ ҳафтаи гузашта дар Порис гурӯҳе аз яҳудиёнро бо пинҳон кардан дар яхдони фурӯшгоҳ наҷот дод. Вазири корҳои дохилии Фаронса Бернар Казнев аз ҷасорати Лассана Басилӣ, муҳоҷири 24-сола аз Малӣ арҷ гузошт ва гуфт ӯ ба шаҳрвандии Фаронса пазируфта мешавад. Басилӣ дар ҳоле 19 нафарро дар яхдони таҳхонаи фурӯшгоҳ пинҳон кард, ки Амедӣ Кулибалӣ харидорони ин дӯкони яҳудиро гаравгон гирифт ва дар ҳоли ҳамлаи полис чаҳор тан аз онҳоро кушт. Дертар дар як номаи интернетӣ шаҳрвандон аз ҳукумати Фаронса хостанд, ба Басилӣ, ки аз соли 2006 ба ин сӯ дар ин кишвар ба сар мебарад, шаҳрвандӣ дода шавад.

XS
SM
MD
LG