Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Вазорати фарҳанг мегӯянд, якҷоя бо Вазорати адлия талош доранд, пеши роҳи овозхонҳои “кӯчагӣ”-ро бигиранд. Овозхонҳое, ки ба гуфтаи онҳо обрӯи миллатро дар дохилу хориҷ “мерезонанд”.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо дар талоши таҳияи як механизме ҳастанд, ки фаъолияти овозхонҳои, ба гуфтаи ӯ, “кӯчагӣ” ва ҳамин тавр сафарашон ба хориҷро танзим мекунад. Оқои Орумбекзода, ки дар нишасти 16 январ ба суоли хабарнигорон посух медод, гуфт, ин гуна овозхонҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон ба обрӯи ҳунармандону таърихи гузашта латма мезананд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон афзуд, ҳоло дар бораи танзими фаъолияти овозхонҳои “кӯчагӣ” бо Вазорати адлия машварат доранд ва хулосаи худро дертар эълон хоҳанд кард. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳамаи овозхонҳои Тоҷикистон бо дарёфти шаҳодтанома аз идораи андоз фаъолият доранд, вале ин маънои назорату танзими эҷоди онҳоро надорад. “Чунки дар ин ҳолат онҳо ба ҳайси як соҳибкор фаъолият мекунанд”,-гуфт вазири фарҳанг.

Ҷузъиёти бештар дертар нашр мешавад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG