Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду террористи эҳтимолӣ дар Белгия кушта шуданд


Мақомоти Белгия мегӯянд, дар як амалиёти зиддитеррор дар шарқи ин кишвар ду гумонбари тундгароии исломӣ кушта ва як тан аз онҳо боздошт шудааст. Ба гуфтаи ин мақомот амалиёт замоне баргузор гашт, ки террористони эҳтимолӣ мехостанд, дар Белгия низ ҳамлаеро монанди ҳамлаи 7-уми январи Порис анҷом диҳанд. Полис дастур гирифта буд, ки 10 манзилеро дар Бруссел ва Вевиерс кофтуков кунад, ки гуфта мешуд, дар онҳо ҷиҳодиёне зиндагӣ мекунанд, ки аз Сурия баргаштаанд. Дар яке аз онҳо байни полис ва ситезаҷӯён тирандозӣ ба вуқӯъ пайваст. Мақомоти Белгия мегӯянд, касе аз нерӯҳои полис осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG