Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Гюмрии Арманистон рӯзи 15 январ барои видоъ бо аҳли оилаи аз сӯи як сарбози рус кушташуда издиҳоми бузурге ҷамъ омад. Дар маросиме дар калисои шаҳр раиси парлумони Арманистон Галуст Саакян, гурӯҳи вакилон ва сиёсатмадорон ширкат карданд.

Дар Ереван эътирозгарон алайҳи куштори хонаводаи арманӣ бо кормандони полис, ки ба сӯзонидани парчами Русия дар канори сафорати Русия монеъ шуданд, вориди бархӯрд шуданд. Ду тан аз эътирозгарон, аз ҷумла, таҳиягари синамо Тигран Хамалян, боздошт шуданд.

Дар намоише, ки як рӯз пеш дар шаҳри Гюмрӣ, дар канори пойгоҳ ва дар назди манзили оилаи қатлшуда баргузор шуд, эътирозгарон хостори ба мақомоти Арманистон таслим кардани сарбози рус Валерий Пермяков шуданд. Вале Маскав ва Ереван бо ишора ба қонунгузории Русия гуфтанд, ки Пермяков ба Арманистон дода намешавад ва парвандааш дар Русия бозрасӣ хоҳад шуд.

Аскари рус Валерий Пермяков дар марз бо Туркия рӯзи 13 январ дастгир шуда буд. Ӯ як рӯз пеш силоҳ дар даст пойгоҳи низомии воқеъ дар шаҳри Гюмриро худсарона тарк карда буд ва баъд аз боздошт иқрор кард, ки аҳли як хонаводаро тирборон кардааст. Дар ҷои ҳодиса ҷасадҳои зану шавҳар Сержаи 53-сола ва Асмик Аветисяни 51-сола, писарашон Армени 33-сола, духтарашон Аидаи 35 сола, келинашон Араксии 22-сола, ҳамчунин набераи дусолаи онҳо Асмик пайдо шудааст.

Муфаттишон ҳамчунин патрону тир ва далели асосӣ – пойафзоли низомиеро ошкор карданд, ки дар он ному насаби Пермяков сабт шудааст.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, вазорати дифои Русия барои тафтиши куштори оммавӣ дар Гюмрӣ комиссиюни вижа таъсис кард, ки ба он муовини вазир Аркадий Бахин сарварӣ мекунад. Тафтиши парванда таҳти назорати раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян қарор дорад.

Дар Арманистон пойгоҳи 102-уми низомии Русия мустақар аст. Ҳифозати марзи Арманистону Туркия ҳам бар дӯши сарҳадбонҳои рус аст.

XS
SM
MD
LG