Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд: Исломситезӣ муҷозот хоҳад шуд


Франсуа Ҳолланд ваъда дод, ки Фаронса аз ҳама динҳо баробар пуштибонӣ мекунад. Раисиҷумҳури Фаронса дар суханронӣ дар Пажуҳишгоҳи арабии сулҳ дар Порис рӯзи 15 январ гуфт, ки ислому демократия мутобиқи ҳамдигаранд ва мусалмонҳои Фаронса ҳамон ҳаққеро доранд, ки аз он дигар фаронсавиҳо бархӯрдоранд, аз ин рӯ давлат бояд аз онҳо ҳимоят кунад. Ҳолланд афзуд, ки мусалмонҳо – қурбонии асосии таассуб, бунёдгароӣ ва таҳаммулнопазириянд.

Франсуа Ҳолланд ба арабҳо барои ҳамдилияшон дар робита ба ҳамлаҳо дар Порис изҳори сипос кард ва афзуд, ки ҳама фаронсавиҳо дар муқобили терроризм муттаҳид шуданд.Ба гуфтаи сарвари Фаронса, ҳама гуна амалҳои зидди мусалмонҳо, яъне исломситезӣ ва амалҳои зидди яҳудиҳо ё антисемитизм бояд маҳкум ва муҷозот шаванд.

Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Омилони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Кучӣ ду рӯз баъд дар амалиёти вижаи полис дар як шаҳри канори Порис кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” бар ӯҳда гирифт.

Бар асари ҳамлаҳои дигар дар Порис як хонуми полис, чаҳор нафар дар мағозаи яҳудӣ, дар маҷмӯъ 17 нафар ҷон бохтанд.

Дар раҳпаймоии эътирозӣ алайҳи терроризм миллионҳо нафар, аз ҷумла, аксари мусалмонҳои Фаронса ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG