Пайвандҳои дастрасӣ

Ислом Каримов номзад ба президентӣ пешбарӣ шуд


Ислом Каримов дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон чун номзади ҳизби либерал-демократӣ ширкат хоҳад кард. Ба иттилои хабаргузории русии “Интерфакс”, дар бораи пешбарии сарвари феълии давлат ба мақоми олӣ вакилони анҷумани ҳизб дар шаҳри Тошканд рӯзи 15 январ якдилона тасмим гирифтанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон 29 март баргузор мешавад.

Дар интихоботи қаблии президентии Узбакистон, ки 22 декабри соли 2007 баргузор шуда буд, Ислом Каримов ба дарёфти беш аз 88 дар сади раъйҳои мардум комёб шуда буд.Се номзади дигар ба дарёфти аз 2,8 то 3,1 дар садии овозҳо муваффақ шуда буданду халос.

Соли 2011 дар Узбакистон қонуне қабул, ки бар пояи он м ӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз ҳафт то панҷ сол коҳиш дода шудааст.

Ислом Каримов аз соли 1989 дар садри Узбакистон нишастааст.

XS
SM
MD
LG