Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо алайҳи қатли як хонавода дар Арманистон


Садҳо тан аз сокинони Арманистон рӯзи 15 январ дар канори пойгоҳи низомии Русия ва консулгарии Русия дар ин кишвар ба нишони эътироз алайҳи куштори як хонаводаи арманӣ аз сӯи сарбози рус эътироз карданд.

Дар намоише, ки рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Гюмрӣ, дар канори пойгоҳ ва дар назди манзили оилаи қатлшуда баргузор шуд, эътирозгарон хостори ба мақомоти Арманистон таслим кардани сарбози рус Валерий Пермяков шуданд. Маскав ва Ереван қаблан бо ишора ба қонунгузории Русия гуфтанд, ки сарбози қотил ба Арманистон дода намешавад ва парвандааш аз сӯи муфаттишони низомии рус бозрасӣ хоҳад шуд.

Аскари рус Валерий Пермяков дар марз бо Туркия рӯзи 13 январ дастгир шуда буд. Ӯ як рӯз пеш силоҳ дар даст пойгоҳи низомии воқеъ дар шаҳри Гюмриро худсарона тарк карда буд ва баъд аз боздошт иқрор кард, ки аҳли як хонаводаро тирборон кардааст. Дар ҷои ҳодиса ҷасадҳои зану шавҳар Сержаи 53-сола ва Асмик Аветисяни 51-сола, писарашон Армени 33-сола, духтарашон Аидаи 35 сола, келинашон Араксии 22-сола, ҳамчунин набераи дусолаи онҳо Асмик пайдо шудааст.

Муфаттишон ҳамчунин патрону тир ва далели асосӣ – пойафзоли низомиеро ошкор карданд, ки дар он ному насаби Пермяков сабт шудааст.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, вазорати дифои Русия барои тафтиши куштори оммавӣ дар Гюмрӣ комиссиюни вижа таъсис кард, ки ба он муовини вазир Аркадий Бахин сарварӣ мекунад. Тафтиши парванда таҳти назорати раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян қарор дорад.

Дар Арманистон пойгоҳи 102-уми низомии Русия мустақар аст. Ҳифозати марзи Арманистону Туркия ҳам бар дӯши сарҳадбонҳои рус аст.

XS
SM
MD
LG