Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина дар сӯги қурбониён нишаст


Дар Украина 15 январ ба ёди қурбониёни таркиши автобуси мусофирбар дар шарқи Украина рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 13 январ дар шаҳри Волноваха рӯй дод, 12 нафар кушта шудан ва чанд каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Мақомоти Украина ин ҳодисаро хунбортарин ҳамла дар шарқи кишвар дар чанд моҳи ахир номиданд. Ба иддаои Киев, ҷудоихоҳони рустабор як постгоҳи полиси Украинаро ҳадаф гирифтанд, аммо мушакашон ба автобуси мусофирбар расид. Вале ҷудоихоҳон ин иттиҳомро рад карданд.

Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, рӯзи 14 январ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки ҷудоихоҳони рустаборро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кунад.

Шӯрои амнияти СММ ҳамла ба автобусро шадидан маҳкум кард ва хостори таҳқиқи ҳодисаву муҷозоти гунаҳкорон шуд.

Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА аз афзоиши хушунат дар шарқи Украина изҳори нигаронӣ ва ҷудоихоҳонро дар тирборони автобуси мусофирбар айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG