Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ҷангии собиқи мухолифин дар Ваҳдат


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, як узви гуруҳи ҷиноии “Намоз” дар шаҳри Ваҳдатро боздошт кардаанд, ки бо баҳонаи ташкили давлати исломӣ моли мардумро тасарруф мекардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин нафар Ёрмаҳмад Сайфуллоев, сокини 45-солаи деҳаи Чиптак дар шаҳри Ваҳдат будааст.

Манбаъ афзуд, оқои Сайфуллоев дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон аз роҳи ғайриқонунӣ соҳиби силоҳ шуда, дар ҳайати гуруҳи ҷиноии “Намоз” бештар ба ғорат ва латту кӯби сокинон даст задааст. Вазорат мегӯяд, ҳоло алайҳи Ёрмаҳмад Сайфуллоев парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтиши “дело”-яш идома дорад.

Намоз Қурбоналиев аз фармондеҳони нирӯҳои мухолифин дар минтақаи Ваҳдат дар шарқи Душанбе буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳ ба ҳукумат пайваст. Вале дар миёнаҳои солҳои 2000-ум ӯ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Ин фармондеҳ аз рустои Туркобод - зодгоҳи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони собиқи Иттиҳоди мухолифин буда, аз фармондеҳони ба ӯ наздик ба шумор мерафт.

XS
SM
MD
LG