Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот мегӯянд, бархе аз сокинон надониста барои гирифтани қарз аз бонкҳо манзили худро дар гарав мегузоранд. Ба гуфтаи онҳо, фоизҳои баланд дар бархе маврид боиси бехонумон шудани мизоҷон ҳам мегардад.

Ягона идорае, ки дар давоми ду моҳи охир Шарифамоҳ Солиева ҳар рӯз дари онро мекӯбад, додгоҳ аст. Ин сокини деҳаи Ҷарқишлоқи канори шаҳри Душанбе як соли пеш бидуни ҳеч андешае санадҳои хонаашро ба додарзодааш дод, ки гуфтааст мехоҳад аз бонк қарз бигирад. Аммо баъди чанд моҳи дигар рӯзе кормандони бонк ҳамроҳ бо намояндагони додгоҳ дари ӯро кӯфтанд.

“Ҷиянам омаду зорӣ кард, ки кори зарур баромаду бояд аз бонк қарз гирад. Ҳуҷҷатҳои хонаро додам. Вай ҳатто сад сомонӣ ба ман дод, ки рафта барои зиндагиятон чизу чора харед. Чанд вақт гузашт, кормандони бонку суд омаданд, ки хонаро холӣ кунед, мо мефурӯшем”,-нақл мекунад Шарифамоҳ Солиева.

Мусоҳиби мо афзуд, ҳоло намедонад додарзодааш дар куҷост ва ӯ аз бонк чӣ қадар пул қарз гирифтаст. Аммо як воқеъиятро дарк мекунад, ки дар синни 55-солагӣ метавонад сарпаноҳашро аз даст диҳад ва дар кӯча монад. Аммо Шарифамоҳ Солиева танҳо нафаре нест, ки хонааш туъмаи қарзҳои пардохтнашудаи бонкҳои Тоҷикистон шудааст.

Наим Мансурзода

Наим Мансурзода

Наим Мансурзода -- раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 14 январ ба хабарнигорон гуфт, мавридҳои қарз гирифтан аз бонк бо асноди нафарони дигар дар парвандаҳои иқтисодӣ ба мушоҳида мерасад. “Афроде бо ҳуҷҷати ҳамсоя ё хеши наздик аз бонк қарз мегиранд, аммо баъдан маълум мешавад, ки соҳибхона ба ин қарз ҳеч иртибот надорад. Мо соли гузашта дар 30 маврид ҳамин гуна амволро аз раванди ситонидани қарз хориҷ кардем. Аммо касе ба мо раҳмат ҳам нагуфт”,-таъкид дошт раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ.

Ҷаноби Мансурзода мегӯяд, ин мавридҳо аз зудбоварии мардум ва дониши ками ҳуқуқии онҳо дарак медиҳад. Ӯ гуфт, барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо бояд фарҳанги ҳуқуқии мардум баланд бардошта шавад. Системаи бонкӣ дар Тоҷикистон чандон рушд накардааст ва қарзҳои бонкӣ бо фоизҳои аз ҳад баланд дар бархе мавридҳо боиси бехонумон шудани мизоҷон ҳам мегардад. Ба фарқ аз бонкҳои кишварҳои аврупоӣ, ки бар пояи маоши хуб ва ҷойи кори собит ба муштарӣ қарз медиҳанд, бонкҳои Тоҷикистон дар ивази қарз аз муштарӣ гарав талаб мекунанд. Дар як кишвари фақир, ки маоши миёна дар он ба 119 доллар баробар аст, мардуми корафтода ночор манзили истиқоматиашонро ба гарав мегузоранд. Баҳраи бонкӣ барои қарзба муштариҳо аз 14 то ҳудуди 40 дар садро фаро мегирад.

Ораш Хоҷамуродов

Ораш Хоҷамуродов

Ораш Хоҷамуродов, эксперти қарздиҳии ташкилоти амонативу қарздиҳии “Финка”, мегӯяд, ин ҳолат ду омил дорад: “Яке ин ки корхонаҳо ва ширкатҳои Тоҷикистон чандон устувор нестанд ва зуд-зуд муфлис шуда аз байн мераванд ва ё барҳам дода мешаванд. Барои ҳамин, бонкҳо бо назардошти чунин риск бидуни гарав ба ширкатҳо ва шахсони воқеӣ қарзи калон намедиҳанд. Сабаби дувум дар ин аст, ки амонатгузорон ҳам дар Тоҷикистон пулҳои худро ба муддати дароз дар бонк намемонанд. Онҳо асосан аз 6 моҳ то як сол амонат мегузоранд ва аз ин рӯ бонкҳо низ имкони додани қарзҳои дарозмуддатро надоранд.”

Аммо Хоҷамуродов мегӯяд ҳоло вазъият нисбат ба чанд соли пеш тағйир кардааст ва баъзе бонкҳо ба муштариён бидуни гарав то 15 ҳазор доллар қарз медиҳанд. Аз даст додани ҳазорон рубл, дар остонаи суқути Шӯравӣ ва оғози реформаи пулӣ аҳолии Тоҷикистонро низ барои даҳсолаҳои минбаъда аз бонкҳо дилсард кард. Мардум бо риски моли дузд шудани пулҳои худ боз ҳам ба истилоҳ маблағҳои худро дар “болишт” нигаҳ медоранд ва ба бонк намесупоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG