Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми ҳамҷинсгароҳои ҳинд аз изҳороти вазир


Изҳороти як вазири давлатии Ҳиндустон дар бораи ташкили марказҳои махсуси табобатӣ барои ҳамҷинсгароҳо дар минтақаи фароғатии Гоа боиси сару садои зиёд шуд. Рамеш Тавадкар, вазири масоили варзишу ҷавонон, ду рӯз пеш эълом дошт, ки ҳукумат мехоҳад дар Гоа барои ҳамҷинсгароҳо марказҳои вижае чун vаркази табобати бадмастҳоро ташкил ва барои омӯзишу дорувор маблағ ҷудо кунад.

Тавадкар узви Ҳизби мардумии Ҳиндустон, ҳизби ҳоким дар кишвар аст.

Гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо изҳороти вазирро “таҳқиромез” номиданд. Рамеш Тавадкар рӯзи 14 январ эълом дошт, ки расонаҳо гуфтаҳояшро таҳриф кардаанд ва ӯ ҳадафи таҳқири ҳамҷинсгароҳоро надошт.

Додгоҳи олии Ҳиндустон соли 2013 ҳамҷинсгароиро манъ ва онро ҷиноят эълон карда буд.

XS
SM
MD
LG