Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти шоири тоҷик Одина Мирак


Одина Мирак, шоир ва публисисти тоҷик бар асари як бемории тулонӣ бегоҳи сешанбеи 13-январ дар синни 76 солагӣ даргузашт. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки маросими хоксупории шоир ва публисисти тоҷик узви Иттифоқи нависандагон Одина Мирак дар қабристони маҳаллаи “Калинин”-и Душанбе сурат гирифт. Шоир ва публисти тоҷик муаллифи беш аз 20 маҷмӯаи шеъру осори публисистӣ буда, аз ҷумла китобҳои “Забони дил”, “Гули орзу”,”Боздид” дар нашриётҳои Душанбе ба чоп расиданд. Одина Мирак дар нашриёти “Ирфон” ва дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” фаъолият кардааст ва бо қалами ӯ даҳҳо китобу маҷмуъаҳои шоирону нависандагон таҳрири шуда ва аз чоп баромадааст.

Дар ҳамин ҳол аз Кулоб хабар расид, ки фолклоршиноси пуркор ва муҳаққиқи осори шифоҳии мардуми минтақаи Кӯлоб Чалиш Соатов дар синни 82 солагӣ шаби гузашта аз олам даргузашт. Чалиш Соатов тайи фаъолияти бобаракати худ ҳамчун фолклоршинос тавонистааст гӯишҳо ва эҷоди шифоҳии мардумро таҳия кунад ва ба нашр расонад. Яке аз фаъолиятҳои ӯ, таҳқиқи осори шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Вализода ба шумор меояд.

XS
SM
MD
LG