Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии рӯҳониёни Пешовар аз ҳамлаи Порис


Дар як ҳамоиш дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, даҳҳо нафар аз ҳамла ба маҷаллаи "Шарли Эбдо" дар Порис пуштибонӣ карданд. Бар асари ҳамлаи бародарон Шариф ва Саид Кучӣ ба идораи ин маҷалла рӯзи 7 январ 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Бародарон гуфтанд, ки ҳамла интиқоми онҳо барои нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом аст. Шариф ва Саид Кӯчӣ дар амалиёти полис кушта шуданд.

Ба иттилои хабаргузории Франс Пресс, тақрибан 60 нафар аз рӯҳониёни шаҳри Пешовар рӯзи 13 январ бародарон Кӯчиро “шаҳид” эълон карданд ва алайҳи “Шарли Эбдо” лаънат фиристоданд.

Рӯҳониён ба ин амал дар ҳоле даст заданд, ки хабаргузориҳо дар бораи тасвири танзомези нав Паёмбари Ислом дар маҷаллаи “Шарли Эбдо” хабар доданд. Рӯзномаи фаронсавии Liberation мегӯяд, шумораи нави “Шарли Эбдо” рӯзи чоршанбеи 14 январ ба фурӯш хоҳад баромад.

XS
SM
MD
LG