Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақобати Шокирҷон Ҳакимов бо номзади ҲХДТ


Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ дар ҳавзаи 19-и Конибодом бо номзади Ҳизби халқӣ демократӣ рақобат мекунад. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд лаҳза қабл ҳуҷҷатҳояҳояш дар ҳавзаи якмандатаи рақами 19-и ноҳияи Конибодом сабт шудаанд ва барои курсии Маҷлиси намояндагон мубориза хоҳад кард. Вай гуфт, дар ин ҳавза ҳарифи ягонаи ӯ декани факултаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Равшан Раҷабов аз номи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ сабти ном шудааст. Дар интихоботи гузаштаи Маҷлиси намояндагони соли 2010 Шокирҷон Ҳакимов дар ҳамин ҳавза бо Насрулло Маҳмудов, намояндаи ҲХДТ ва додситони шаҳри Кӯлоб вориди корзори интихоботӣ шуда буд. Аз рӯи маълумоти комиссияи ҳавзаи инфиродии Конибодом, Насрулло Маҳмудов 36 дарсад ва Шокирҷон Ҳакимов 31 дарсади овозҳоро ба даст оварда буданд. Дар вилояти Суғд танҳо дар Конибодом номзадҳои интихоботи парлумонӣ ҳадди 50 дарсади овозҳоро убур накарда, ба даври дуюми интихобот раҳ ёфтанд. Шокирҷон Ҳакимов муовини раиси ҲСДТ дар даври дуввум шикаст хӯрда буд.

XS
SM
MD
LG