Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Ҳуснӣ Муборак бознигарӣ мешавад


Додгоҳи Миср рӯзи 13 январ дар бораи бознигарии парвандаи фасоди раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак тасмим гирифт. Моҳи майи соли гузашта додгоҳи сатҳи поийн раҳбари пешини кишварро дар ғасби 14 миллион доллар сармояи давлатӣ айбдор ва ӯро ба се соли маҳбас маҳкум кард. Ало ва Ҷамол, писарони Муборак ҳам, бо иттиҳоми даст доштан дар фасод ба чаҳор солии маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Ҳуснӣ Муборак аз рӯзи эълони ҳукми додгоҳ дар бемористони низомӣ дар Қоҳира бистарист.

Хабаргузории Reuters бо такя ба манбаъҳо дар додгоҳ навиштааст, ки то шурӯи муҳокимаи нав Ҳуснӣ Муборак метавонад озод шавад, зеро аз ин пеш аз рӯи дигар айбномаҳо, аз ҷумла, иттиҳоми даст доштан дар ҳалокати эътирозгарон дар моҳи январи соли 2011, сафед карда шуда буд.

Ҳуснӣ Муборак чаҳор сол пеш баъд аз эътирозҳои густурдаи мардумӣ аз мақоми раисиҷумҳури Миср истеъфо дода буд.

XS
SM
MD
LG